НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА»
Сулҳ яке аз арзишҳои олии башарият буда, шарти асосии зиндагии осоишта, пешрафти иқтисодиёт ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар шароите, ки ҷаҳон ба таҳдидҳои гуногун аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, ифротгароӣ, терроризм, тағйирёбии иқлим ва бӯҳронҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида аст, таҳкими сулҳ ба яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста ташаббусҳои созандаро пешниҳод намуда, дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар ин замина, ташаббуси Ҷумҳурии Тоқикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2027-2036-ро ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” пешниҳод намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки поягузори таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошанд, дар Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилали оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ин рӯйдодро барои мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон муаррифи намуданд. Вобаста ба ин, дар Паёми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ, имкони зиндагии хуб, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд». Ин иқдом ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳони ба фаъолияти сулҳофар равона гардидааст.
Мақсади асосии пешниҳод намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда аз таҳкими сулҳу суботи пойдор, пешгирии низоъҳои дохилию хориҷӣ ва ташаккули фарҳанги сулҳ дар байни башар, махсусан ҷавонон мебошад. Хусусияти дигари он тарбия намудани наслҳое мебошад, ки арзишҳои инсондӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ ва зиндагии осоиштаро ҳифз намоянд. Ҳамин тариқ, ин ташаббус метавонад, кишварҳои ҷаҳонро даъват намояд, ки дар самти таъмини сулҳ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро густариш диҳанд, масъалаҳои баҳснокро танҳо бо роҳи гуфтушунид ва муколама ҳал намуда, барои тарбияи насли сулҳпарвар ва масъулиятшинос заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари азизу маҳбуби мо - Тоҷикистон бо фарздандони ба ору ба номуси худ алалхусус Пешвои Миллат, тавонистанд, ҷанги шаҳрвандиро ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ табдил диҳанд, ва аз таҷрибаи нодири сулҳофари худ ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати ташаббускор, маорифпарвар, инчунин амнтарин кишвар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат чанде аз масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯзаро ба Созмони Милали Мутаҳид, алалхусус дар бораи об, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими сулҳ пешниҳод намуда, хушбахтона ҳамаи ин пешниҳодҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва қобили қабул дониста шудаанд, ки боиси ифтихори тамоми миллат мебошад.
ҶАВОНОН – НЕРӮИ АСОСИИ ПЕШБУРДИ ҶОМЕА
Ҷавонон қисми фаъоли пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, пешрафти ҳар як давлат аз сатҳи баланди донишҳои касбӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулиятшиносии ҷавонони он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки тадбиқи қабули қатъномаи Пешвои Миллат ба Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилали оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» сармашқи зиндагии худ дониста ва минбаъд барои дар фазои сулҳ ва дӯстӣ зиндагӣ ба сар бурдан истифода баранд. Дар нақшаҳои ҳадафҳои дурнамоёна, имрӯз ҷавонон на танҳо истифодабарандаи технологияҳои навин, балки офарандаи ғояҳои инноватсионӣ низ мебошанд. Онҳо метавонанд тавассути дониш, таҳқиқоти илмӣ, ихтироъкорӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлат ба ҳисоб рафта бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат барои ба таҳсил фаро гирифтан, инчунин касбомӯзӣ, рушди соҳаи варзиш, соҳибкорӣ ва иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ин имкониятҳо ба ҷавонон шароит муҳаё намудаанд, ки дар татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи худ муваффақу сарбаланд бошанд.
Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки “Ҷавонон қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа буда, аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии онҳо ояндаи давлату миллат вобаста аст”. Ин суханон нишон медиҳанд, ки ҷавонон на танҳо ворисони давлат, балки ҳомиёни сулҳу субот, посдорони марзу бум ва бунёдгарони фардои кишвар мебошанд.
Дар замони имрӯзаи рушди илму технологияҳои рақамӣ, ҷавононро мебояд масъулияти истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоиро аз худ намоянд ва бояд аз паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ, суханони нафратангез ва маводи барангезандаи низоъҳо, ки метавонад ба норозигиҳо оварда расонад, худдорӣ намуда, баръакс, ғояҳои сулҳ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориро тарғиб намоянд. Иштироки ҷавонон дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои ихтиёрӣ ва барномаҳои байналмилалӣ дар муҳити дӯстӣ мебояд ба роҳ монд, ки ин метавонад барои татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи сулҳ, аҳамияти калон дошта бошад. Ин ташаббусҳо ва фаъолиятҳо ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, роҳбарӣ ва ҳамкориро тақвият бахшида, ҷавононро ба ҳалли мушкилоти ҷомеа ҷалб менамоянд. Вобаста ба ин ҳолатҳо гуфтан ба маврид аст, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ масъулияти бузург доранд. Онҳо бояд бо ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, меҳнати созанда ва ташаббусҳои навоварона барои пешрафти давлат ва таҳкими сулҳи пойдор саҳм гузоранд.
Ҷавонон омили муҳими таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа мебошанд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар татбиқи ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда солҳои 2027-2036” ба рушди ҷомеаи демократӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит менамояд, ки сармоягузорӣ ба рушди ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории сулҳ мебошад.
Дар фарҷом гуфтан ба маврид аст, ки ин ташаббуси навбатӣ бори дигар аз мақому манзалати бузурги Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имруза, бе тафовут набудан ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад. Зеро, воқеан имрӯзҳо вазъи геополитикии ҷаҳон дар ҳолати ҳассос ва хеле хатарнок қарор дорад, ин ташаббуси хирадмандона таҳти унвони “Даҳсолаи байналилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” на танҳо як санади сиёсӣ, балки ҳар як давлату миллатро даъват менамояд, ки дар таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, рушди ҳамкорҳои байналмилалӣ ва тарбияи насли сулҳпарвар саҳми арзандаи худро гузоранд. Инчунин ногуфта намонад, ки пешрафту тарақиёт ва дар арсаи байналмилалӣ шинохтани ҳар як давлат аз сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ вобастаги дорад. Дар ҳақиқат ҳам сулҳ ин сарвати бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як инсон, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Муаллими кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании
факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти милитсия Асомуддинзода С.А.







































































































































































