Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бузургдошти донишмандони ҳама давру замон

(дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб)
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаву инсонпарварона бо як фармон, санаи 23.05.2026 сол Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро таъсис доданд. Ҷоизаи мазкур бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб, минбаъд тақдим хоҳад гашт. Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии ватаниву байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми беҳамто дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори гаронбаҳои ин фарзанди бузурги мардуми тоҷик дар тамоми ҷаҳон ва такони назаррасе дар рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ хоҳад буд. Зеро ин иқдом на танҳо идомаи анъанаи бузургдошти донишмандон, балки ҷузъи сиёсати давлатии рушди илм, тандурустӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Бо таваҷҷӯҳ ба заминаҳои таърихиву фарҳангии мардумони ориёнажод, табиб ва табобат миёни мардум муқаддас буда, мавқеи хоса дошт. Табиб ҳамчун эҳёгар шинохта мешуд, ки бо даму нафаси худ дарду ранҷро аз ҷисму рӯҳи дардмандон бартараф намуда, шавқу умедро ба қалби онҳо падид меовард.
Мардуми тоҷик бо чунин як донишманди бузург ва файласуфи маъруф Абӯалӣ ибни Сино ифтихор дорад, ки дар ҳама давру замон фазои маънавию илмии ӯ пайравон ва муштоқони худро дорост. Бешубҳа, Абӯалӣ ибни Сино самараи арзандае аз дарахти пурбаракот ва зуҳури равшане аз нақши тоҷикон дар пешрафти тамаддуни башарист. Ӯ на танҳо олими барҷастаест барои тамаддуни тоҷикону форсизабонон, балки ситораи тобони дунёи улуми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ибни Сино чун яке аз маъруфтарин донишмандони Шарқ дар Ғарб шинохта шуда, то замони муосир байни уламои Ғарб ба унвони номдортарин донишманди машриқзамин ёд мешавад.
Осори ин нобиғаи бузург ва мутафаккири беҳамтои Шарқ мутааллиқ ба барҷастатарин осори ҷаҳонист, ки фарҳанги дунявиро ғанӣ гардонидаанд. Эҷодиёти ӯ фарогири нодиртарин таҳқиқҳои илмӣ аст. Бӯалӣ осори насриву назмиашро бо забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ эҷод кардааст ва то имрӯз дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии тамоми олам аз 450 рисолаи илмию адабии ӯ 162 ададаш нигоҳ дошта мешаванд.
Дар замони муосир, эҳтиром ба ин мероси гаронбаҳо дар шаклҳои гуногун ифода меёбад. Яке аз муҳимтарин ифодаҳои он таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб мебошад, ки ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба илм, табибон ва рушди соҳаи тандурустӣ хизмат мекунад. Ин ҷоиза на танҳо нишонаи эҳтиром ба таърих аст, балки василаи муҳимми ҳавасмандгардонии олимон ва табибони муосир дар роҳи пешрафти илми тиб ба шумор меравад ва нақши он дар рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ хеле муҳим мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ ва итминони комил доранд, ки ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои башарии соҳаи тандурустӣ нақши муассир гузошта, мисли дигар иқдомҳои сатҳи байналмилиашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва ҷонибдорӣ хоҳад ёфт.
Дотсентони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., полковники милитсия Аҳмадзода М.А., н.и.ф., подполковники милитсия Тоҳирӣ М.Т.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...