Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сифати таълими фанни Алифбои ниёгон ҳамчун заминаи таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди сифати таҳсилот
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангии халқҳо аҳаммияти махсус касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва эҳёи мероси фарҳангии миллӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Дар ин замина дастур оид ба беҳтар намудани сифати таълими фанни алифбои ниёгон яке аз иқдомҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад. Омӯхтани хат ва алифбои ниёгон на танҳо арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор, балки калиди асосии дастрасӣ ба сарвати беканори илмиву адабии классикии тоҷик мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки сифати таълими фанни алифбои ниёгон дар муассисаҳои таълимӣ ба таври ҷиддӣ беҳтар карда шавад. Ин тадбир ҳамчун қисми муҳими омӯзиш ва тарғиби таъриху фарҳанги ориёӣ пазируфта шуда, барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ равона гардидааст. Алифбои ниёгон (хати арабиасоси тоҷикӣ) дар тӯли беш аз ҳазорсолаҳо ифодагари фарҳангу тамаддуни миллати мо буд. Он роҳи шиносоии хонандагон бо таърихи давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ, осори хаттии аҷдодон ва тамаддуни тоҷикон мебошад. Маҳз тавассути ин хат ҳазорҳо дастнависҳои илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва адабӣ то замони мо омада расидаанд. Аксарияти бузурги осори илмӣ, таърихӣ ва адабии ниёгонамон, аз ҷумла асарҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Ҳофиз бо ҳамин хат навишта шудаанд. Аз худ намудани он барои хонандагон имконият фароҳам меорад, ки бо сарчашмаҳои аслӣ ошно гардида, доираи маърифати илмӣ ва фарҳангии худро васеъ намоянд. Омӯзиши ин фан ба ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ мусоидат намуда, робитаи насли ҷавонро бо мероси пурғановати ниёгон таҳким мебахшад. Аз ин рӯ, омӯзиши он барои ҳифзи хотираи таърихии миллат аҳаммияти муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки миллате, ки таърихи худро намедонад, наметавонад ояндаи устувор бунёд намояд. Ин андеша аҳаммияти махсуси омӯзиши мероси хаттии тоҷиконро боз ҳам равшантар месозад. Аз ин нигоҳӣ, таълими босифати фанни мазкур на танҳо вазифаи омӯзгорон, балки рисолати муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.
Дастури Пешвои миллат оид ба беҳтар намудани сифати таълими фанни алифбои ниёгон идомаи сиёсати давлатии рушди маориф мебошад. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати дониш, такмили мазмуни китобҳои дарсӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва омода намудани омӯзгорони соҳибтахассус мебошад.Татбиқи ин дастур имкон медиҳад, ки сифати омӯзиши фан беҳтар гардида, шавқи хонандагон ба омӯзиши мероси хаттии тоҷикон афзоиш ёбад.
Дар замони истиқлолият бо ташаббуси Сарвари давлат таваҷҷӯҳ ба ин самт ба маротиб афзуд ва дастури нави Президенти кишвар дар бораи беҳтар кардани сифати таълими ин фан дар мактабҳо марҳилаи нави ин равандро оғоз бахшид. Бе донистани ин алифбо хонанда аз мероси гаронбаҳои хаттӣ маҳрум монда, дар таҳқиқи амиқи таърихи миллӣ душворӣ мекашад. Бо ин мақсад Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки сифати таълими ин фан дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таври ҷиддӣ беҳтар карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, дар ҳамаи Паёмҳои худ ба маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои расмӣ ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи насли наврас ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Масоиле, ки пешорӯйи омӯзгорон ҳамеша боиси таваҷҷуҳ ва ҷустуҷу аст, ҳавасмандкунии хонандагон ва баланд бардоштани сифати омӯзиши ин фан мебошад. Барои иҷрои самараноки дастури мазкур чунин тадбирҳо муҳим мебошанд:
-такмили китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ;
-истифодаи технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои электронии таълим;
-ташкили курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон;
-истифодаи усулҳои фаъоли таълим;
-баргузор намудани озмунҳо ва чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ оид ба омӯзиши хатти ниёгон.
Айни замон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон барномаҳои таълимӣ вуҷуд доранд, аммо татбиқи пурраи онҳо баъзан бо мушкилоти методӣ рӯбарӯ мешавад. Коршиносон бар он назаранд, ки барои аз худ кардани асосҳои хатти ниёгон, соатҳои ҷудошуда ва усулҳои пешинаи таълим кофӣ нестанд. Аз ин рӯ, дастури Президент роҳандозии усулҳои муосир ва ҷолиби таълимро талаб мекунад, то донишомӯзон бо шавқи баланд ин фанро аз худ намоянд.
Имрӯз талаботи ҷомеаи муосир аз омӯзгорон тақозо менамояд, ки дар раванди таълим аз усулҳои фаъоли педагогӣ, технологияҳои рақамӣ, тахтаҳои электронӣ, китобхонаҳои рақамӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ самаранок истифода баранд. Ин махсусан ҳангоми омӯзиши алифбои ниёгон муҳим мебошад, зеро истифодаи намунаҳои дастхатҳо, матнҳои аслӣ, барномаҳои компютерӣ ва воситаҳои мултимедиявӣ шавқу ҳаваси хонандагонро ба омӯзиши ин фан афзун менамояд.
Дар маҷмуъ татбиқи ҳамаҷонибаи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани сифати таълими алифбои ниёгон як иқдоми саривақтӣ ва стратегӣ дар самти ҳифзи ҳуввияти миллӣ буда барои таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат аҳаммияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад. Татбиқи бомуваффақияти ин супориш имкон медиҳад, ки насли наврас бо осори ниёгони худ ошно гардида, фарҳанги миллиро ҳифз намоянд.
Тоҳирӣ Муяссара Тоҳир – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., подполковники милитсия
Аҳмадзода Мухбирахон Аҳмад – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., полковники милитсия







































































































































































