Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сулҳу Ваҳдати миллӣ пояи хушбахтӣ ва рушди миллат аст

Албатта, Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.Ваҳдату ҳамгироӣ омили пешравии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Ҳеҷ як кишвари дунё бе ваҳдат ва ҳамгироӣ рушд карда наметавонад. Байни миллатҳо ва кишварҳои дунё низ ҳамеша бояд ваҳдат ва ҳамгироӣ ҳукумрон бошад. Сулҳ мафҳумест бузург, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ санаи 21.12.2021с қайд намуданд: « Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд. Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо – Парчами миллӣ низ дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи тақдирсоз қабул карда шуд. Бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати навинтихобшудаи мамлакат мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ ба иҷрои ҳадафҳои фаврии дар наздамон қарордошта ноил гардем. Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем. Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад. Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем. Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд. Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд».
Бо вуҷуди бохтҳову мусибатҳои овардааш ин ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми мо як сабақи таърихиву бебаҳо дод:Дар ғами Тоҷикистон ба ҷуз тоҷик, ба ҷуз мардуми худаш, ба ҷуз фарзона-фарзандонаш касе набуд, нест ва наҳоҳад буд. Яъне ин сарзамин, ин кишварро касе мисли худи мо дӯст намедорад, касе мисли роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар фикри он нест. Ободиву осоиши ин сарзамин ба худи мо иртибот дорад. Агар мо соҳибмаърифат, худогоҳу худшинос бошем, касе наметавонад, осоишу суботи кишвари моро халалдор созад, теша ба решаи мо занад. Яке аз омилҳои ваҳдатсоз ин донистани таърихи миллат аст.Ва ин нуктаро борҳо Сарвари мамлакат зимни вохӯриву мулоқотҳояшон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа таъкид мекунанд. Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанд, ба мо чиро мерос гузоштаанд ва мо - меросбарони онҳо кистему ба ояндагон чиро мегузорем. Дарки ин ҳама ба худшиносиву худогоҳии мо вобаста аст. Ва дар ин самт бояд иқрор кард, ки ҳеҷ замоне мисли имрӯз шароити мусоид пешниҳод насохта набуд. Ин шароити мусоидро барои мо истиқлолият фароҳам овард. Акнун дар баробари кишварҳои абарқудрату кучак бо ақлу идроку андешаи созандаи худ қадам дар ҷодаҳои мухталиф мегузорем. Санҷишу монеаҳои бузург ҳар лаҳза барои кишвари мо дар ин асри бархурди тамаддунҳо вуҷуд дорад.Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз буҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад. Ба ин хотир, баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад”. Ин андешаи Сарвари давлат дар партави нури истиқлол мавҷ мезанад ва бори дигар оҳанги худшиносиро замзама месозад. Дар ҳақиқат маҳз истиқлолият аст, ки мо торафт бештар ба гузаштаи пурифтихори худ рӯй меорем, аз сабақи он баҳра мегирем. Фақат як нигоҳе ба солҳои истиқлолият кофист, ки мо ба чунин андеша расем. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо як силсила маъракаву ҷашнҳои муҳими илмиву адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ дар сатҳи баланд баргузор намуда тавонистем.
Ваҳдат дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи «якдилӣ», «якпорчагӣ» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир мебошад. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон - Тоҷикистон Рӯзи 27-июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 27- июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гардида, тоҷикон ба ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ соҳиб гаштанд. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ҳамдилию ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд. Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккypи таъpихӣ, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpxангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ тасаввypнопазиp аст. Сарвари сулҳпарвари кишваp Эмомалӣ Раҳмон даp таълифоти пypмуҳтавои худ: «Тоҷикон даp оинаи таъpих: Аз Оpиён то Сомониён», «Тоҷикистон даp остони фаpдо» (1997), «Дyшанбе - шаҳpи дӯстӣ ва баpодаpӣ» (1998), «Ислоҳоти иқтисодӣ - тоқозои замон» (1998), «Фаpҳанг - ҳастии миллат» (2000), «Зиёиён pавшангаpони pоҳи фаpдои миллатанд» (2004) ва ҳамчунин даp сyханpониашон даp идҳои ҳаpсолаи Ваҳдати миллӣ, ки даp пойтахти ҷумҳурӣ ва дигаp шаҳpy навоҳии меҳанамон баpгyзоp мегаpдад, ғояи Ваҳдати миллиpо бо мазмуну муҳтавои давлатию ҷамъиятӣ комил гаpдонидаанд. Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт маpбyт буда, тавассути таълиму таpбияи хуб ва донишу маъpифати баланд ба даст меояд. Бо таъбиpи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотиpаҳои таъpихӣ, ифтихоp аз мансубияти миллӣ, даp шyypи ҳаp яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиpо ҳамчун қаpзи муқаддаси шаҳpвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиpом нагyзоpем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат баpоямон ба аpзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намеpасем».
Худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти макоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардиданд. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон: Шерак, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум,Нисор Муҳаммад, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд.
Санаи мубораки 24 августи соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти кишварро қабул намуд ва 9 сентябри соли 1991 халқи шарифи Тоҷикистон ба истиқлолияти комили сиёсӣ расид. Аммо кишвар дар қадамҳои нахустини мустақилонаи хеш ҳамрадифи муборизаҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ гардид. Ҳанӯз дар Ичлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки « Шахсан ман тарафдори бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд буда ва барои миллати тоҷик аз ба даст овардани масъалаи сулҳ ва ризояти миллӣ дигар вазифаи муҳимтаре нест».
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардида аст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои баландошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем. Агар мо, махсусан ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат дар дасти мост, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем.Ниёгони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Хайём, Мавлонои Балхӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон маҳз ҷавононро ба рафтору кирдори нек донистани таъриху маданияти худ ва пеш аз ҳама ба худшиносию ифтихори миллӣ даъват намудаанд.
Ба андешаи ин ҷониб мо бояд ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихори ватандӯстӣ дошта бошем, ба мисли ниёгонамон барои эҳё ва ободии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки тоҷик ҳастем, як замин, як забон, як Ватан дорем, ки онро ном Тоҷикистон аст.Ваҳдати миллӣ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шӯҳратёр мегардонад. Дар ин марҳалаи мураккаби таърихӣ ва дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таҳкими Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад.
Шоҳиён Ш.Ш.- сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...