Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллати солим аз оилаи солим ибтидо мегирад

15

Рӯзи 2-юми майи соли 2019, дар толори маҷлисгоҳи факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конфронсро сардори факултети мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Сипас, аз рӯи барномаи конфронс сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ полковники милитсия Муллобоев М.Р. дар мавзӯи «Баъзе аз масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти оила» ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ полковники милитсия Хоҷазода О.Г. доир ба мавзӯи «Оилаи солим шоҳсутуни асосии давлатдорист» баромад намуданд.
Дар идомаи конфронс майори милитсия Абдусатторзода Н.А. дар мавзӯи «Оилаи солим кафили тарбияи дурусти фарзанд» баромад намуда, сипас курсантон доир ба мавзӯҳои мухталиф баромад намуда, фикру ақидаи худро озодона иброз намуданд.

16

Дар хотимаи конфронс доир ба мавзӯҳои мазкур миёни курсантону баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифта конфронсро пурмутавову рангин намуд.
Баъдан курсанти курси дуюми ҳамин факултет Давлатова Шавқия дар мавзӯи «Зан-Модар офарандаи ҳаёт» баромад намуд.
Дар конфронс омӯзгорону курсантони факултети №4-и Академияи ВКД фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ, конфронсро сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ полковники милитсия Муллобоев М .Р. пӯшида эълон намуд.
Абдуллозода Д.А.

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.