Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд

21

Рӯзи 3-юми майи соли 2019 бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» конференсияи илмӣ – назариявӣ аз тарафи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ташкил ва гузаронида шуд.
Конференсияро муовини сардори факултети мазкур, оид ба қисми таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмонону ҳозиринро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.
Баъдан конференсия кори худро давом намуда, тибқи барнома баромадҳо баргузор гардид.

222423

Баромадкунандагон: Мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Ғафуров А.Ғ. дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат»,
устоди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти милитсия Абдуллозода Д.А. дар мавзӯи «Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи давлату миллатанд» ва курсанти курси 4-ум, милитсияи қаторӣ Давлатзода М. дар мавзӯи «Ҷавонон тақвият бахшандагони сиёсати давлат» баромад намуданд.
Баъди баромади маърӯзачиён музокираҳо баргузор гардид.
Бо ҳамин конференсия кори худро ба итмом расонида қатъномаи он қабул карда шуд.
Маруфзода М.М., сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, факултети №4, лейтенанти милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.